КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар Ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъаи ноҳияи Кӯшониён бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён Абдусаломзода Мунаввар Алиакбар ва муовини прокурори ноҳия Шарифзода Маҳмадамин вохӯрӣ бо раисони маҳаллаҳо доир карда шуд.
Масъулин зимни вохӯрӣ дар мавзӯи дӯст доштан ва гиромидошти Ватан, садоқат ба Ватан – Модар ва хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, қайд карданд, ки барои насли ҷавон хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат муҳимтарин мактаби ҷавонмардӣ ва матонату обутоби ҳаёт мебошад. Маҳз дар ҳамин айём ҷавонписарон дарси шуҷоату мардонагиро аз бар намуда, муқаддас будани рисолати олии ватандорӣ - муҳофизати марзу буми онро дарк мекунанд.
Ҳамзамон, дар рафти вохӯрӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии сироятёбӣ аз бемории коронавирус ба роҳ монда шуд.