КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ ҷиҳати иҷрои самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, корҳои фаҳмондадиҳиро дар кӯчаву маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб ба роҳ мондаанд. Масъулин бо усули “хона ба хона” варақаҳои тавсиявиро, ки баҳри пешгирӣ аз коронавирус тавсия шудааст, дастрас намуда, варақаҳои таблиғотиро дар мавзеҳои чашмрас насб карданд.
Сокинон ин иқдоми ҳизбиёнро саривақтӣ шуморида, миннатдории хешро иброз доштанд.