ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирӣ намудани бемории сироятии коронавирус гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар деҳаҳои ноҳия корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуданд.
Дар вохӯрии мазкур муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Дилафрӯзи Абдулло ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Шарифзода Маҳмадаюб иштирок дошта, ба сокинони деҳаи Камароби Ҷамоати деҳоти ба номи Утақара Назаров доир ба роҳҳои гузариши бемории сироятии коронавирус (COVID-19) ва роҳҳои пешгирӣ аз он маълумоти мушаххас доданд.
Ҳамчунин, барои бештар маълумот пайдо кардани сокинон аз бемории коронавирус ба онҳо маводҳои таблиғотӣ дар шакли буклетҳо дастрас карда шуд.