ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии намуди коронавирус, ки имрӯз сар то сари ҷаҳонро фаро гирифта, ҷомеаро ба ташвиш овардааст, гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар деҳаҳои ноҳия корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуданд.
Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Дилафрӯзи Абдулло ва раиси Кумитаи иҷроия Шарифзода Маҳмадаюб бо сокинони деҳаи Зиракии Ҷамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзов мулоқот доир карда, оид ба роҳҳои гузариши бемории коронавирус (COVID-19) ва роҳҳои пешгирӣ аз он маълумоти амиқ доданд. Дар рафти вохӯрӣ диққати асосӣ ба пешгирии ин беморӣ, яъне риояи гигиенаи шахсӣ зоҳир гардида, аз шаҳрвандон хоҳиш карда шуд, ки қоидаҳои тозагии хонаву лавозимоти рӯзгорро қатъиян риоя намоянд.
Ҳамчунин, барои бештар маълумот пайдо намудани сокинон аз бемории коронавирус ба онҳо маводҳои таблиғотӣ дар шакли буклетҳо дастрас карда шуданд.