ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки фаъолонаи хурду бузурги ноҳияи Ёвон дар ташкилоти ибтидоии “Тоҷикон”-и маҳаллаи ба номи Бобоҷон Ғафурови шаҳраки Ёвон вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ аз ҷониби намояндагони ҳизбӣ дар ноҳия қайд карда шуд, ки соли 2021 мардуми тамаддунофари тоҷик ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии хешро дар фазои сулҳу ваҳдат ҷашн хоҳанд гирифт ва зимнан туҳфаи ҳар як соҳибватан дар ин ҷашни бузурги миллат ободонию созандагии Ватан аз хонаи хеш мебошад.
Сипас, дар навбати худ иштирокдорон суханрониҳои судмандро якдилона дастгирӣ карда, онҳо иброз доштанд, ки бо амалҳои созандаи худ баҳри пешрафту шукуфоии Тоҷикисттони азизамон саҳми арзанда хоҳем гузошт.
Инчунин, дар идомаи суҳбат дар бораи пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус сухан гуфта шуда, таъкид шуд, ки риояи талаботи қоидаи беҳдоштӣ ба манфиати ҳар як шахс мебошад.