ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ҳамбастагӣ бо кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ оид ба пешгирии сироятёбӣ аз бемории коронавирус навъи COVID-19 бо усули “хона ба хона” дар Ҷамоати деҳоти Яккадин идома дорад.
Дар рафти чорабиниҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби мутахассисони соҳаи тиб доираи гигиенаи оилавӣ ва ҳамчунин тақсимоти варақаҳои иттилоотӣ роҳандозӣ гардид.
Зимни суҳбат қайд гардид, ки ҷаҳон аз паҳншавии бештари коронавирус дар таҳлука афтодааст. Ин беморӣ набзу низоми муқаррариро барҳам зада, кишварҳо ва одамонро бо ҳолати ногуворе рӯ ба рӯ кардааст.
Хушбахтона, бо чорагирии саривақтии Ҳукумати кишварамон, дар Тоҷикистон ҳолатҳои сироятёбӣ қайд нашудааст. Аммо бо вуҷуди ин мебоист роҳҳои пешгирӣ ва саривақт ошкор намудани ин бемории асрро ҳатман донист.