Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади ба мардум фаҳмонидани хатару оқибатҳои бемории коронавирус гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бо сокинони ноҳия, кормандони саҳроӣ ва дар муассисаҳои таълимӣ оид ба пешгирии сироятёбӣ ба бемории коронавирус суҳбату вохӯриҳо баргузор намуда истодаанд
Чунин суҳбату вохӯриҳои гурӯҳи корӣ бо сокинон, ҷавононону наврасони Ҷамоати деҳоти Наврӯз баргузор гардида, масъулин оид ба пешгирӣ аз ин бемории хавфнок ҳарф зада, қайд намуданд, ки саломатии мо дар дасти худи мост, барои ҳифзи солимӣ пеш аз ҳама ба қоидаҳои беҳдошти санитарӣ, пӯшидани ниқобҳои тиббӣ, шӯстани дастон бо собун ва дигар қоидаҳои гигиенаи шахсиро риоя кардан шарт ва зарур мебошад.
Ҳамчунин, дар доираи вохӯриҳо ба ҳозирин фаҳмониданд, ки коронавирус табобатшаванда буда, ягон нафар бояд ба таҳлука наафтода, роҳи наҷот аз он эҳтиёту тозагӣ, риояи гигиенаи шахсӣ мебошад. Сипас, ба иштирокчиён варақаҳои иттилоотӣ дастрас карда шуд.