Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав ҳамарӯза суҳбату вохӯриҳоро бо сокинон, кормандони саҳроӣ ва дар муассисаҳои таълимӣ оид ба пешгирии сироятёбӣ аз бемории коронавирус баргузор намуда истодаанд
Ин навбат гурӯҳи корӣ ба сокинони деҳаи Муротеппаи Ҷамоати деҳоти Фирӯза бо усули «хона ба хона» варақаҳои таблиғотиро дастрас карда, дар суҳбат таъкид доштанд, ки саломатии мо дар дасти худи мост, барои ин пеш аз ҳама ба қоидаҳои беҳдошти оила, пӯшидани ниқобҳои тиббӣ, шӯстани дастон бо собун ва дигар қоидаҳои гигиенаи шахсиро риоя кунанд. Ба таҳлука наафтода, ба тавсияҳои табибон бовар карда, гуфтаҳои онҳоро иҷро намоянд.