ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор гурӯҳи корӣ оид ба тарғиби пешгирӣ аз бемории коронавирус таъсис дода шуда, дар тамоми кӯчаву маҳаллаҳо ва деҳаҳои ҳудуди ноҳия корҳои тарғиботиро ба роҳ мондаанд.
Гурӯҳи корӣ бо усули «хона ба хона» ба 85 хоҷагӣ (оила) дар маҳаллаи №10-и Ҷамоати шаҳраки Фархор ташриф оварда, оид ба пешгирии бемории коронавирус варақаҳои таблиғотиро дастрас намуданд.
Ҳамзамон, табибони ихтисосманди оилавӣ ба таври кӯтоҳ ба сокинон оид ба роҳҳои пешгирии ин беморӣ тавсияҳо доданд. Инчунин, гуфта шуд, ки ҳангоми бо ҳайвонҳои хонагӣ наздик шудан аз дастпӯшакҳои яккарата истифода баранд ва баъд аз анҷоми кор дастонро бо маҳлулҳои зиддибактерӣ тӯли 20 сония шустӯшӯ намоянд.