БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОЛИМИИ ҲАР ЯКИ МО АЗ ХУДИ МО ВОБАСТА АСТ!

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар  ташкилоти ибтидоии “Қушқияи миёна” бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  мулоқот баргузор гардид.

Зимнан дар суҳбат масъулин оид ба бемории сироятии коронавирус, ки имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, андешаронӣ карда, таъкид намуданд, ки сиҳатии ҳар яки мо дар дасти худи мост ва барои нигоҳ доштани сиҳатии худ  аз тавсияҳои  табибон самаранок истифода намоед.  

Инчунин, дар идома доир ба вусъат бахшидани корҳои бунёдкорию созандагӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  суханронӣ карда шуда, ҳамагон барои бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани ин ҷашни фархунда раҳнамоӣ гардиданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg