БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОБОДИИ КИШВАР АЗ ОБОДИИ МАҲАЛАМОН ОҒОЗ МЕШАВАД!

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар ташкилоти ибтидоии “Давад” баргузор гардид.

Нахуст, раиси Кумитаи иҷроия оид ба бемории сироятии коронавирус, инчунин вусъат бахшидан ба корҳои бунёдкорию ободгароӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ андешаронӣ карда, иброз дошт, ки мардуми сарбаланди тоҷик таҳти сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат рӯз то рӯз ба комёбиву пешравиҳо ва зиндагии босаодат ноил гашта истодаанд ва ин барои мо шаҳрвандон бахти баланд аст. Моро зарур аст ҷавобан ба ин ғамхориҳо бо амалҳои созанда ба халқу Ватан хизмати содиқона намуда, ватандӯст будани худро собит созем.

Сипас, дар навбати худ ба иштирокчиён варақаҳои иттилоотӣ оид ба пешгириибемории сироятии коронавирус дастрас  карда шуд.

Дар охир сокинон дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”  корҳои ободониро амалҷ карда, ҷӯйбори обгузари деҳа, ки бар асари боридани боронҳои сел аз лойқа пур гашта буд,  тоза карданд.

 

       

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg