ПАНЉ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ бо мақсади пешгирии паҳншавии коронавируси навъи COVID-19 вохӯриҳоро идома медиҳад. Дар вохӯриҳо ба иштирокчиён варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуда, инчунин, доир ба чораҳои пешгирии ин вируси марговар, ки имрӯзҳо ҷаҳониёнро ба ташвиш овардааст, маълумот дода шуд.