ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант бо мақсади ба саъми аҳолӣ расонидани пешгирии бемории сироятии тоҷвирус ва фаҳмондани роҳҳои пешгирӣ аз дар маркази шаҳр бо сокинон суҳбат намуда, ҳамзамон варақаҳои иттилотиро дастрас намуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳамарӯза чунин суҳбату вохӯриву дар ҳар кӯчаву маҳалла ва деҳаҳои ҳудуди шаҳр љиҳати ҳар чи зудтар мардумро оид ба пешгирии ин бемории сироятӣ огоҳ созанд, ба риояи тозагиву гигиенаи шахсӣ, беҳдошти муҳити атроф раҳнамоӣ намуда истодаанд. Баланд бардоштани сатҳи огоҳии сокинон ва дарки дурусти масъала метавонад, пешгирии ин бемориро дар мамлакати таъмин созад.