![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20200408_142010.jpg?itok=cKi53ey6)
КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён корҳои фаҳмондадиҳиро барои пешгирии бемории сироятии коронавирус бо усули «хона ба хона» ба роҳ монда, ин навбат бо сокинони деҳаи Свердлови Ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлол суҳбат гузарониданд.
Дар суҳбат таъкид карда шуд, ки барои пешгирии ҳама гуна бемориҳои сироятӣ ба гигиенаи шахсӣ ва тозагии хонаю маҳали худ риоя намоянд. Бояд тазаккур дод, ки сокинон ин иқдоми ҳизбиёнро саривақтӣ ва зарурӣ арзёбӣ карданд.