КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Раванди санҷиши ҳуҷҷатнигорӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳри Кӯлоб бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо маром идома дорад.
Масъулин аз рафти ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоии “Коллеҷи хусусӣ” дидан намуданд. Зимни боздид котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур қайд намуд, ки кормандони ин ташкилоти ибтидоь мутобиқи Оинномаи ҲХДТ амал намуда, дастурҳои Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори ҳаррӯзаи хеш кардаанд. Ҳамзамон, кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ба масъуилин ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта суолҳо дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.