КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб барои бештар ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум оид ба коронавирус ва роҳҳои пешгирии он бо мардум вохӯриҳо доир карда истодааст.
Ин навбат дар ташкилоти ибтидоии “Баракат” вохӯрӣ ташкил ва гузаронида шуд. Таъкид карда шуд, ки хушбахтона то имрӯз дар мамлакат сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Аммо новобаста ба ин, риояи пешгирии ин беморӣ барои ҳар як сокини кишвар лозим аст. Аз ин лиҳоз, ҳар як шахсро зарур аст, то ба ҳар гуна овозаҳои беасосу бардурӯғ бовар накарда, барои пешгирии ҳама гуна бемориҳои сироятӣ ба гигиенаи шахсӣ ва тозагии хонаю маҳали худ риоя намояд.
Дар ин замина масъулин аз рафти ҳуҷҷатнигории ташкилоти ибтидоии “Баракат” низ дидан намуданд. Зимни боздид муайян гардид, ки ҳамаи ҳуљҷатҳои зарурӣ дар ин ташкилоти ибтидоӣ бо ҷуздонҳои алоҳида тартиб дода шудаанд.