
ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз дар маҳаллаи ба номи Мирзо Турсунзодаи Ҷамоати шаҳраки Қубодиёни ноҳияи Қубодиён бо усули “хона ба хона ба аҳолии ин маҳалла ҷиҳати бештар маълумот пайдо намудан оид ба бемории сироятии короновирус варақаҳои таблиғотӣ дастрас карда шуда, корҳои фаҳмондадаҳӣ низ гузаронида шуд.