БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФИ ҲХДТ ТАРҒИБИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Барои бо мақсади пешгирӣ намудани бемории сироятии намуди коронавирус, ки имрӯз сар то сари ҷаҳонро фаро гирифта, ҷомеаро ба ташвиш овардааст, гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар ҳамкорҷ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар деҳаву маҳалаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти  ноҳия корҳои фаҳмондадиҳиро  баргузор намуданд.

Дар вохӯрии мазкур муовини раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб  Дилафрӯзи Абдулло ва раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Шарифзода Маҳмадаюб бо сокинони деҳаи Миршикори ҷамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзов вохӯрда, роҳҳои гузариши бемории коронавирус COVID-19  ва роҳҳои пешгирӣ аз онро ба таври мушаххас фаҳмониданд. Дар рафти вохӯрӣ диққати асосӣ ба риояи гигиенаи шахсӣ зоҳир гардида, аз шаҳрвандон хоҳиш карда шуд, қоидаҳои тозагии хонаву лавозимоти рӯзгорро қатъиян риоя намоянд.

Ҳамчунин барои бештар маълумот пайдо намудани сокинон аз бемории коронавирус маводҳои таблиғотӣ дар шакли буклетҳо дастрас  карда шуданд.   

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg