ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади таъмини пешгирӣ аз бемории коронавирус намояндагони Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо сокинони маҳаллаи А.Қараев мулоқоту суҳбатҳо доир намуданд.
Зимнан роӽбарияти Кумитаи иҷроияи Сафар Ӽафиза зикр кард, ки имрӯз ҷаҳони муосирро яке аз мушкилоти муҳим ва ташвишовар - паҳншавии бемории коронавирус фаро гирифтааст. Хушбахтона, то ҳоло ҳодисаҳои сироятшавӣ ва фавти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин беморӣ мушоҳида нашудааст. Аммо ин набояд мояи фориғболӣ ва бепарвоии мо, шаҳрвадони ҷумҳурӣ гардад. Мегӯянд, ки пешгирии беморӣ аз табобати он беҳтар аст. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки бо дарназардошти вазъияти баамаломада зиндагии худро тибқи тавсияҳои мутахассисони соҳа ба роҳ монем.