БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАНҲО БОЯД БА ТОЗАГИИ ХОНА ДИҚҚАТИ ҶИДДӢ ДИҲАНД

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Намояндагони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ барои иттилоотонидани занону модарони кӯчаи ба номи Садриддин Айнии Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук аз рӯи усули “хона ба хона” бо занони хонанишин суҳбат гузарониданд.

Дар суҳбат ба ҳар як нафар таъкид карда шуд, ки бемории сироятии  коронавирус (Covid-19 ) дар бештари давлатҳои ҷаҳон доман паҳн карда, боиси марги ҳазорон нафар шудааст.  Хушбахтона, дар кишвари мо чунин беморӣ бақайд гирифта нашудааст. Барои пешгирии ин беморӣ мо бояд ба, тозагӣ дар хона, гигиенаи шахсӣ,  аз љумла дастони худро бо маҳлулҳои безараргардонӣ шӯста, қоидаҳои тозагиро ба пуррагӣ риоя намоем. Инчунин, ба ҳар як мусоҳиб варақаҳои иттилоотӣ оид ба бемории сироятӣ ва нишонаҳои он дода шуд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg