БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САҲМИ СОКИНОН ДАР ОБОДИИ МАҲАЛ НАЗАРАС АСТ

БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.Дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бо дастгирии сокинони маҳаллаи  ба номи Ҷамила Мирзоқодироваи шаҳри Бохтар  ва ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр роҳҳои тангкӯчаи халлаи мазкур сангфарш карда шуд. Дар маросими оғози корҳои санфаршкунӣ раиси Кумитаи иҷроия Иброҳимзода Неъматулло, раиси Кумитаи маҳалла - раиси ташкилоти ибтидоии “Ҷамила Мирзоқодирова” Холов Сафар ва бошандагони  маҳалла иштирок доштанд. Зимни баромади худ Иброҳимзода Неъматулло  иброз дошт, ки имрӯзҳо корҳои ободонӣ дар қаламрави кишвар ба муносбати сазовор таҷлил намудани 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром идома доранд. Аз ин ҷост, ки аъзои ташкилоти ибтидоии мазкур низ иқдомоти Ҳукумати Тоҷикистон ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ-ро дастгирӣ намуда, 300 метр роҳҳои ҳудуди маҳалларо сангфарш ва чароғон карда истодаанд. Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон ҳамеша барои ҳифзи манфиатҳои мардум талош карда, амалҳои  созанда ва бунёдкоронаи сокинони мамлакат,  махсусан аъзои ҳизбро дастгирӣ менамояд ва  барои амалӣ кардани онҳо  тадбирҳои заруриро  меандешад.

Сипас, сокинон  бо рӯҳи болида ва шукргузорӣ аз фазои озоду осуда ба корҳои ободонӣ, аз љумла сангфаршкунӣ ва чароғонкунии маҳали зисти худ машғул шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg