
БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Суҳбату вохӯриҳои навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар нохияи Балҷувон дар ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи №2”-и деҳаи Охбулоқи Ҷамоати деҳоти Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо гурӯҳи кории таъсиснамуда оид ба пешгирии бемории коронавирус сурат гирифт, ки дар ин гурӯҳи корӣ аз тавсияҳои Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт барои пешгирии сироятёбӣ аз ба коронавирус ба саъми сокинон расонида шуд.
Дар суҳбат масъулин афзуданд, ки бо мақсади муҳофизат кардани худ ва дигарон аз сироятёбӣ аз вирус, Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт риояи оддитарин қоидаҳои беҳдоштро тавсия медиҳад. Бояд зуд–зуд дастонро бо собун ва зери оби равон шӯст, махсусан пас аз атса задан ё сулфидан ва ҳамчунин ҳангоми нигоҳубини беморон, ҳангоми тайёр кардани хӯрок, пас аз рафтан ба ҳоҷатхона, пас аз рафтан ба партовҳо, пас аз тамос бо ҳайвонот ё партовҳои онҳо. Ҳангоми сулфидан ва атса задан даҳон ва биниро бо рӯймолча мепӯшонанд. Инчунин шумо аксар вақт бояд дастҳо ва рӯятонро бо моеи дорои спирт ё дигар воситаи антисептикӣ тоза кунед.
Духтурон, инчунин, тавсия медиҳанд, ки ба ҷойҳои ҷамъиятӣ наравем ва алоқаи ҷисмониро бо одамоне, ки нишонаҳои зуком доранд, қатъ кунем. Эҳтиёт бояд шуд, то ба чашм, бинӣ, даҳон ва рӯямон даст назанем, зеро вирус худ ба худ аз сатҳи рӯй ба роҳи нафаси мо дохил намешавад. Вай ба миёнарав, яъне дастҳоямон ниёз дорад ва аз ин рӯ, бояд кӯшиш ба харҷ дод, то бо дастони худ ашёи атрофро камтар даст расонем.