БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЧОРАБИНИҲОИ ТАРҒИБОТӢ ВОБАСТА БА ПЕШГИРӢ АЗ БЕМОРИИ КОРОНАВИРУС ИДОМА ДОРАД

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар доираи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ чорабиниҳои тарғиботӣ атрофи пешгирии сироятёбӣ аз бемории коронавирус навъи (COVID-19) бо усули “хона ба хона” байни аҳолии маҳал идома доранд.

Гузашта аз ин дар рафти чорабиниҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби мутасаддиён доираи гигиенаи оилавӣ ва ҳамчунин тақсимоти варақаҳои иттилоотӣ роҳандозӣ гардида истодааст.

Боз ҳам қайд карда мешавад, ки дар рафти суҳбат ба шаҳрвандон пайваста таъкид мегардад, ки то аз байн рафтани бемории сироятӣ аз салом кардан, иштирок дар ҷойҳои ҷамъиятӣ худдорӣ намоянд. Дар роҳу роҳравҳо ниқобҳои роҳи нафасро истифода баранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg