БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОЛИМИИ ҶОМЕА - БОИГАРИИ ДАВЛАТ!

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар  ташкилоти ибтидоии Ҷамоати деҳоти “Лақай Қармишев”  баргузор гардид.

Нахуст, раиси Кумитаи иҷроия оид ба бемории сироятии коронавирус, инчунин вусъат бахшидан ба корҳои бунёдкорию ободгароӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, дастоварду пешравиҳои кишвар таҳти сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат ҳарф зада, қайд кард, ки  мо мардуми шарафманди тоҷик рӯз то рӯз ба комёбиву пешравиҳо ноил гашта истодаем ва ин барои мо шаҳрвандон бахти баланд аст. Моро зарур аст ҷавобан ба ин ғамхориҳо бо амалҳои созанда ба халқу Ватан хизмати содиқона намуда, ватандӯст будани худро собит созем.

Дар охири суҳбат ба иштирокчиён варақаҳои иттилоотӣ оид ба пешгирии бемории сироятии вируси тоҷдор дастрас карда шуда,  таъкид гардид, ки риояи қоидаҳои бехатарӣ барои саломатӣ ҳатмӣ ва зарур мебошад.    

 

       

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg