БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БА ХОТИРИ ҲИФЗИ СОЛИМИИ ҶОМЕА

ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавируси наъи (COVID - 19) намояндагони  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ дар ҷамоати деҳоти Нури ваҳдат бо фаъолон ва аъзои ташкилоти ибтидои “Гулистон” вохӯрӣ баргузор намуда, доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ маълумоти муфассал  доданд.
Ҳамзамон, аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки ба ҳар гуна овозаҳои беасос бовар накунанд. Зеро то имрӯз дар кишвари азизамон Тоҷикистон ягон ҳолати сироятёбӣ аз бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ба хотири пешгирӣ аз беморӣ  ва ҳифзи  солимии ҷомеа мебошад. 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg