БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СOVID-19 ХАТАР БА СОЛИМИИ ҶОМЕА

ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ барои пешгирии бемории сироятии вируси тоҷдор дар маркази Ҷамоати шаҳраки Панҷ дар маҳаллаи Фирдавсӣ варақаҳои иттилоотиро  дастраси сокинон намуда,  дар ин самт корҳои тарғиботиву ташвиқотиро  идома дода истодаанд.

Зимни даастрасии  маводҳои таблиғотӣ аз сокинон даъват ба амал оварда  шуд, ки қоидаҳои  гигиенаи шахсиро дар оила ва берун аз он риоя намоянд ва ба таҳлука наафтода барои пешгирии бемории сироятӣ ба тавсияҳои табибон диққати махсус диҳанд. Инчунин, масъулин  таъкид карданд, ки мунтазам дастонро бо маҳлулҳои антисептикӣ безарар гардонида, аз муоширати наздик бо шахсони бемор худдорӣ намоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg