БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РИОЯИ МЕЪЁРҲОИ САНИТАРИЮ ГИГИЕНӢ-РОҲИ БЕҲТАРИНИ ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ КОРОНАВИРУС

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар деҳаи Тоҷикободи ҷамоати деҳоти Ваҳдати шаҳри Левакант  бо иштироки гурӯҳи корӣ аз ҳисоби кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҳизбӣ ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр бо сокинон вохӯрӣ доир гардид, ки зимни он вобаста ба роҳҳои пешгирии бемории коронавирус суханронӣ карда шуд.

Дар суҳбат қайд гардид, ки роҳҳои гузариши вирус ҳавогӣ, қатрагӣ ва ашёҳои заҳролудшуда буда, давраи инкубатсионии он то 14 рӯзро ташкил медиҳад. Дар ҳамин давра дар шахс ягон аломати беморӣ дида нашудааст, вале шахси бемор шахси солимро заҳролуд менамояд. Бинобар ин, шахсонеро эҳтимоли сироят ёфтан доранд, яъне шахсони аз хориҷи кишвар воридшуда ҳатман ба муҳлати 14 рӯз таҳти назорати пурраи духтурони сироятшинос қарор мегиранд.

Бисёр мамлакатҳои дунё дар мубориза бо ин беморӣ ва эмин нигоҳ доштани шаҳрвандони худ аз хавфи он беилоҷанд ва роҳи ягонаи пешгирии онро танҳо дар пурра иҷро намудани меъёрҳои санитарию гигиенӣ медонанд. Хушбахтона, вуруди ин беморӣ то ҳанӯз дар мамлакати мо ба қайд гирифта нашудааст. Бинобар ин, аз ҳамаи шаҳрвандон даъват ба амал оварда мешавад, ки чораҳои пешгирии ин бемории воқеан хавфнокро пурра риоя кунанд ва бо ин роҳ худу атрофиёнро эмин нигоҳ доранд.  

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg