КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ба хотири фарогирии сокинон бо маводҳои таблиғотӣ ва фаҳмонидани онҳо аз пешгирии бемории сироятии коронавирус ба деҳаи Баракати Ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳия ташриф оварда, бо сокинон мулоқот доир карданд. Дар рафти суҳбат таъкид карда шуд, риояи қоидаҳои беҳдошти саломатӣ аз табобат беҳтар буда, ҳар як шахс вазифадор аст, љиҳати ҳифзи солимии љомеа, гигиенаи шахсиро риоя намояд худ ва дигаронро аз ин бемории сироятӣ эмин нигоҳ дорад.