КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади ҳифзи солимии ҷомеа ҷиҳати ба сокинон фаҳмонидани қоидаҳои риояи тозагии муҳити зист ва гигиенаи шахсӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кшониён субҳи барвақт дар маркази ноҳия Аксияи ҳизбии “Худ ва дигаронро аз сироятёбии вируси тоҷдор ҳифз намо!” гузарониданд, ки ин чорабинӣ дар баланд гардидани маърифати шаҳрвандон мусоидат менамояд.
Бояд тазаккур дод, ки ҳадаф аз баргузории Аксияи ҳизбӣ пешгирӣ аз беморӣ ва огоҳӣ пайдо намудан аз нишонаҳои он мебошад. Дар рафти чорабинӣ сокинон бо маводҳои таблиғотӣ таъмин карда шуда, ба онҳо қоидаҳои риояи гигиенаи шахсӣ дар оила ва тозагии муҳити атроф фаҳмонида шуд.