КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бемориии сироятии коронавирус вабои аср ба ҳисоб рафта, хушбахтона то ба имрӯз дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст. Бо ибтикори кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ вохӯриҳо оид ба риояи қоидаҳои пешгирӣ аз ин беморӣ бомаром идома дорад.
Чунин як вохӯрӣ дар ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи чашм” доир карда шуда, масъулин зимни суханронӣ оид ба риояи қоидаҳои пешгирӣ аз беморӣ ва тавсияҳои Созмони Умумиҷаҳонии Беҳдошт ҳарф зада, қайд доштанд, ки бе зарурат аз рафтан ба ҷойҳои серодам худдорӣ намоянд.
Дар ин росто гурӯҳи корӣ аз рафти ҳуҷҷатгузории ин ташкилоти ибтидоӣ низ дидан намуда, оид ба бартараф намуданӣ камбудиҳои ҷойдошта тавсияҳои судманд доданд.