КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.Намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар якҷоягӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб дар Коллеҷи омӯзгории ДДК вохӯрӣ оид ба риояи қоидаҳои пешгирии бемории коронавирус, пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб доир карда шуд.
Дар ин вохӯрӣ мудири шуъбаи кор бо ҷовонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кўлоб Саидов Насим ва директори Маркази ҷавонони шаҳри Кӯлоб Солеҳов Дилшод иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст, Насим Саидов дар назди ҷавонон баромад карда, ҷиҳати тарбияи донишҷӯён дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, инчунин, оид ба хатарҳои гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ва роҳҳои пешгирии ҷавонон аз гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ суханронӣ намуд. Дар ин замина оид ба бемории коронавирус сухан карда, зикр намуд, ки бо ниқоб рӯпӯш намудани рухсора, саривақт шӯстани дастон бо собун аз роҳҳои эмин ёфтан аз ин беморист.