ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирӣ намудани бемории сироятии намуди коронавирус, ки имрӯз сар то сари ҷаҳонро фаро гирифта, ҷомеаро ба ташвиш овардааст, гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иљроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар деҳаҳои ноҳия корҳои фаҳмондадиҳи баргузор намуданд.
Дар вохӯрии мазкур муовини раиси Кумитаи иљроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Дилафрӯзи Абдулло ва раиси Кумитаи иљроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Шарифзода Маҳмадаюб бо сокинони деҳаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзов мулоқот карда, зимни суҳбат дар бораи роҳҳои гузариши бемории коронавирус (COVID-19) ва пешгирӣ аз онро маълумот доданд. Дар рафти вохӯрӣ диққати асосӣ ба пешгирии беморӣ, яъне риоя намудани гигиенаи шахсӣ зоҳир гардида, аз шаҳрвандон хоҳиш карда шуд, қоидаҳои тозагии хонаву лавозимоти рӯзгордориро қатъиян риоя намоянд
Ҳамчунин барои бештар маълумот пайдо намудани сокинон аз бемории коронавирус ба ҳамагон маводҳои таблиғотӣ дар шакли буклетҳо дастрас карда шуданд.