ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки фаъолон, занон ва ҷавонони ташкилоти ибтидоии “Ҳафтавранг”-и маҳаллаи Абдураҳмони Ҷомии шаҳраки Ёвони ноҳияи Ёвон бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар мулоқот аз ҷониби намояндагони ҳизби ноҳия қайд карда шуд, ки соли 2021 мардуми тамаддунофари тоҷик ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии хешро дар фазои сулҳу ваҳдат ҷашн хоҳанд гирифт ва зимнан туҳфаи ҳар як соҳибватан дар ин ҷашни бузурги миллат ободонию созандагии Ватан аз хонаи хеш мебошад.
Сипас, дар бораи бемории сироятии коронавирус, ки имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, пайдоиш ва нишонаҳои он сухан карда шуда, иштирокдорон, ки бештари онҳо занону модарон буданд, барои риояи тозагии хонадон, гигиенаи шахсӣ дар оила таъкид карда шуд.