
ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории коронавирус дар ҳудуди деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Вахш корҳои таблиғотиву фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, як қатор суҳбату вохӯриҳои судмандро ба анҷом расонида истодааст.
Ин навбат кормандони Кумитаи иҷроия ҷиҳати бурдани корҳои фаҳмондадиҳиро бо сокинони деҳаи Рӯдакии Ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Вахш бо усули «хона ба хона»-ро роҳандозӣ карда, ба онҳо роҳҳои пешгирӣ аз ин вирусро фаҳмонда, барои риояи гигиенаи шахсӣ маводҳои таблиғотӣ дастрас карданд.