БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ БЕМОРИИ СИРОЯТИИ КОРОНАВИРУС ЭМИН БОШЕМ!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирӣ намудани бемориҳои сироятӣ махсусан, баҳри пешгирии бемории сироятии коронавирус аз ҷониби намояндагони Кумитаи иљроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Аксияи  хизбӣ  таҳти унвони «Аз бемории сироятии коронавирус эмин бошем!» бо усули “хона ба хона” роҳандозӣ гардид.

Вобаста ба масъалаи мазкур дар Ҷамоати шаҳраки Балх, кӯчаи Балхи ноҳия ба сокинон маводҳои иттилоотӣ бо нишон додани аксу расмҳо ва аломатҳои пешгирикунандаи бемории сироятии коронавирус навъи (COVID-19) ва маводҳо оид ба риояи  гигиенаи шахсӣ барои пешгирии ин бемории сироятӣ дастрас  карда шуданд. Ҳамзамон, вобаста ба риоя намудани гигиенаи шахсӣ ва оид ба анҷом додани амалу тадбирҳои пешгирикунандаи бемории сироятии коронавирус аз ҷониби масъулин бо шаҳрвандон суҳбату вохӯриҳои судманд ташкил карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg