БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РИОЯИ ГИГИЕНАИ ШАХСӢ-ОМИЛИ СОЛИМИИ ҲАР ЯК ИНСОН

БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Баҳри пешгирии бемориҳои сироятӣ ҳамарӯза кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон суҳбату вохӯриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳиро миёни аҳолӣ  баргузор намуда истодаанд.

Вохӯрии навбатӣ дар ташкилоти ибтидоии “Калтачанор”-и Ҷамоати деҳоти Тоҷикистон доир гашта, намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ва дар ҳамкорӣ бо кормандони Маркази санитарию эпидемиологии ноҳия  миёни сокинон корҳои  фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.  Дар суҳбат масъулин оид ба пешгирии бемории сироятии короновирус, риояи қатъии гигенаи шахсӣ ва тавсияҳое, ки аз ҷониби Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт барои пешгирии бемории сироятӣ  навъи (COVID-19) пешниҳод гардидааст, андешаронӣ карда,   таъкид карданд, ки барои ҳар як нафар риояи гигиенаи шахсӣ ва тозагии муҳити зист  ҳатмист ва ба ин тариқ  шумо метавонед худ ва наздиконатонро аз бемориҳои сироятӣ муҳофизат намоед.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg