БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИЗМАТ БА ВАТАН- МОДАР ҚАРЗИ ИМОНӢ ВА ВИҶДОНИИ ҲАР ЯК ҶАВОНМАРДИ БОНАНГУ НОМУС АСТ

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вобаста  ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷиҳати даъват  ба  сафи  Қувваҳои  Мусаллаҳи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар ноҳияи Носири  Хусрав  чорабинии даъвати ҷавонони  синни  даъватӣ  ба  сафи  Артиши  миллӣ баргузор  гардид.

Бо  дарки  масъулияти  худ  дар  назди  Ватан ба  коммисариати  ҳарбии  ноҳия  40 нафар  ҷавонон барои  хизмат  ба  сафи  Қувваҳои  мусаллаҳ  ҳозир  шуданд. Дар  ҳамин  замина  намояндагии  ТҶҶ  «Созандагони  Ватан»  барои  дар  сатҳи  баланди  ватандорӣ,  ҳифзу  таҳкими  пояҳои  Истиқлолияти давлатӣ баргузор  гардидани  чорабинии  мазкур  ҳиссаи  сазовор гузоштанд.   Чорабинии  идона дар  Қасри  фарҳанги  ноҳия  доир гардида,  узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳияии ҳизб, раиси  ноҳия  Нишонзода  Даврон,  раиси  Кумитаи иҷроия Ализода Сурайё ва  дигар шахсони даъватӣ  баромад намуда,  ба  ҷавонон  фаҳмониданд, ки  хизмат  ба  Ватан-Модар  қарзи  имониву виҷдонии  ҳар  як  ҷавонмарди  бонангу  номус буда, мактаби  бузурги  тарбия, ирода, ҷасорат, шуҷоат ва  ватандорӣ  ба  ҳисоб  меравад. Ҳар  як  ҷавони ин  Ватан хизматҳои  содиқонаи  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмонро бояд сармашқи зиндагии худ қарор дода,  дар  татбиқи  садоқат  ба  Президент-садоқат ба  Ватан  саҳми   худро  гузорад.

Модарони  даъватшудагон   Буҷабекова  Лаълбегим  ва  Сафарова Ашӯргул  суханронӣ карда, қайд  намуданд, ки  нишоту  рӯзгору  зиндагии  мо  аз  оромии  кишвар  вобаста  аст.  Аз  фарзондонашон  хоҳиш  намуданд, ки   бо  дарки  масъулияти баланди    ватандорӣ  хизмати  ҳарбиро  ба  ҷо  оварда, бо  сари  баланд  ба  наздашон  баргарданд.

Аз  ҷониби  санъаткорон  барномаи  рангини  фарҳангӣ пешкаш  гардида,  даъватшудагон    бо  дуои    неки пирони рӯзгордида  ба  хизмати  Ватан-Модар  гусел  карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg