![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20200408_093340.jpg?itok=ohbXmFjw)
ДӮСТӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Имрӯзҳо ҷиҳати пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар якҷоягӣ бо аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар кӯчаҳои Фирдавсӣ ва Турсунзодаи маркази ноҳия Аксияи ҳизбӣ-тарғиботиро баргузор намуданд.
Инчунин, дар чорабинӣ аз ҷониби кормандони Маркази санитарию эпидемиологии ноҳия дар корхонаву муассисаҳо ва хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон барои пешгирии бемориҳои сироятӣ корҳои дезинфексиякунонӣ ва безараргардонӣ ба роҳ монда шуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ низ дар ин самт бомаром идома дорад.
Дар охир масъулин ба шаҳрвандон оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус маводҳои таблиғотӣ дастрас карданд.