БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БОЗДИДИ ГУРӮҲИ КОРӢ АЗ РАФТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ БАХШИДА БА 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинолхти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки   Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа  Абдуҷаббор Раҳмонзода,  раиси шаҳри Кӯлоб Иноятзода Баҳром, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу ба ҷамоати деҳоти Зарбдори шаҳри Кӯлоб сафари корӣ анҷом доданд.

Дар ҷараёни сафари корӣ ҳозирин аз рафти корҳои сохтмонӣ дар деҳаҳои Гулистон ва Марғаки  ҷамоати деҳоти Зарбдор дидан намуда, бо рафти корҳои ободонӣ, ки  бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст, ошноӣ пайдо намуданд.

Зимни боздид аз рафти корҳои сохтмонии деҳаҳои Гулистон ва Марғак Абдуҷаббор Раҳмонзода  ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои сохтмонӣ ва дар муҳлати пешбинишуда бо сифати баланд ба анҷом расонидани он ба масъулин дастуру супориш дод.

“То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ шумораи чунин биноҳои сохтмонӣ дар тамоми деҳотҷойҳои шаҳр афзун гардида, ба ин васила шароити зисти мардуми маҳал беҳтар ва ҷойҳои нави корӣ бештар хоҳанд шуд”- зикр намуд  раиси шаҳри Кӯлоб Иноятзода Баҳром.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg