
ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Тибқи дастури мақомоти болоии ҲХДТ дар ноҳияи Фархор гурӯҳи тарғиботӣ аз ҳисоби занон, ҷавонон, собиқадорон ва кормандони масъули Беморхонаи марказӣ, Маркази саломатӣ ва Хадамоти давлатии назорати санитарию эпидемиологӣ таъсис дода шуда, 4 рӯз боз корҳои фаҳмондадиҳиро дар мавриди пешгирии коронавирус дар ҳудуди ноҳия идома дода истодаанд.
Гурӯҳи корӣ бо усули «хона ба хона» ба 70 хоҷагӣ (оила) дар маҳаллаи №7-и Ҷамоати шаҳраки Фархор ташриф оварда, оид ба пешгирии бемории коронавирус варақа - таъкидҳо дастрас намуданд.
Ҳамзамон, табибони ихтисосманди оилавӣ ба таври кӯтоҳ ба сардорони хоҷагиҳо оид ба роҳҳои пешгирии ин беморӣ тавсияҳо доданд.