
ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирӣ намудани бемории сироятии коронавирус, ки имрӯз сар то сари ҷаҳонро фаро гирифта, ҷомеаро ба ташвиш овардааст, гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён ва намояндагони Кумитаи иљроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар деҳаҳои ноҳия корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуданд.
Дар вохӯрии мазкур муовини раиси Кумитаи иљроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Дилафрӯзи Абдулло ва раиси Кумитаи иљроияи ноҳиявии ҳизб Шарифзода Маҳмадаюб бо аҳолии деҳаи Пакаллаи ҷамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзов вохӯрда, роҳҳои гузариши бемории коронавирус (COVID-19) ва роҳҳои пешгирӣ намудани онро фаҳмониданд. Дар рафти суҳбат диққати асосӣ ба пешгирии беморӣ, яъне риоя намудани гигиенаи шахсӣ таваљҷуҳи махсус зоҳир гардида, аз шаҳрвандон хоҳиш карда шуд, қоидаҳои тозагии хонаву лавозимоти рӯзгорро қатъиян риоя намоянд.
Ҳамчунин, барои бештар маълумот пайдо намудан аз ин бемории хавфнок ба сокинон маводҳои таблиғотӣ дар шакли буклетҳо дастрас карда шуданд.