Ҷ. БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар деҳаву махаллаҳои Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия Аксияи хизбӣ таҳти унвони «Аз бемории сироятии коронавирус эмин бошем!» бо усули “хона ба хона” баргузор гашта истодааст.
Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ, аз љумла корҳои фаҳмондадиҳӣ пешгирии бемории сироятии коронавируси навъи (COVID – 19) буда, аз ҷониби намояндагони ҳизбӣ ба аҳолӣ наздики 75 адад варақаҳои иттилоотӣ дастрас карда шуданд.
Хамчунин ҳангоми баргузории чорабинӣ таъкид гардид, ки хушбахтона дар Тоҷикистон коронавирус ба қайд гирифта нашудааст ва аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки ба овозаҳои бардурӯғ дода нашванд барои пешгирии ҳама гуна бемориҳои сироятӣ ба гигиенаи шахсӣ ва тозагии хонаю маҳали худ риоя намоянд.