БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАВОДҲОИ ТАБЛИҒОТӢ БА СОКИНОН ДАСТРАС КАРДА ШУД

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва ҷалби аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан” дар маҳаллаҳои Ҷамоатхои шаҳраку деҳоти ноҳия Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Аз бемории сироятии коронавирус эмин бошем!» бо усули “хона ба хона” баргузор гашта истодааст.  

Ҳадаф аз баргузории  Аксия ҳизбӣ пешгирӣ аз  бемори  коронавируси навъи (covid -19)  буда, аз ҷониби ҷавонони фаъол ба аҳолӣ зиёда аз 100 адад варақаҳои иттилоотӣ дастрас карда шуд.

 Зимни  дастрас намудани маводҳои таблиғотӣ масъулин аз сокинон љиҳати риояи  ҳатмии  гигиенаи шахсӣ   даъват ба амал оварда, таъкид карданд, ки ба ҳар гуна овозаҳои беасосу бардурӯғ бовар накарда, барои пешгирии ҳама гуна бемориҳои сироятӣ ба тозагии маҳал риоя намоянд.
Инчунин, тавсия дода шуд, ки ҳангоми баланд шудани ҳарорати бадан, дарди гулӯ, мушкилии нафаскашӣ ва ё дигар нишонаҳои бемории зуком ба худмуолиҷакунӣ роҳ надода, ҳатман ба духтурони минтақавӣ  муроҷиат намоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg