БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХУД ВА ОИЛААТОНРО АЗ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ҲИФЗ НАМОЕД!

БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон ҷиҳати пешгирии  бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории короновирус ҳамарӯза корҳои фаҳмондадиҳиро миёни сокинон бо усули "хона ба хона" ва дигар тарзу усулҳо доир намуда истодаанд.

Вохӯрии навбатиро намояндагони ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Сари Мазор”  баргузор карда, мардумро барои пешгирӣ аз бемории сироятӣ ва тарзу усулҳои гуногуне, ки вазорати тандурустӣ ва тибби умумиҷаҳонӣ оид ба пешгирии бемории короновирус қабул намудааст, раҳнамоӣ карданд. Ҳамчунин  дар суҳбат қайд гардид,ки саломатии ҳар як инсон дар дасти худ ӯст. Ба ин хотир ҳар як нафарро зарур аст, ки ба тозагӣ, риояи гигенаи шахсӣ ва оилавӣ диққати љиддӣ дода, худ ва дигаронро аз бемориҳои сироятӣ муҳофизат намояд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg