БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВИРУС ВА ҲАННОТӢ АЗ НИГОҲИ ИСЛОМ

      Аз паёмбари гиромии ислом Муҳаммад (с) ҳадиси саҳеҳе то ба мо расидааст, ки онро ҳам Имом Бухорӣ, ҳам Муслим, ҳам Абдурраҳмон ибни Авф ва ҳам Усома ибни Зайд дар китобҳояшон овардаанд. Омадааст: “Чун хабар ёфтед, ки дар замине тоун (вабо ё вирус) омадааст, он ҷо наравед. Ва агар дар дохили он мавзеъ бошед, аз он ҷо берун нашавед”.
***
Паёмбари ислом (с) боз дастур додаанд: «Аз бемориҳои сироятӣ дурӣ ҷӯед…» (“Саҳеҳи Бухорӣ”).
***
Дар “Саҳеҳи Муслим” аз Амр ибни Шурайд ривоят шудааст, ки боре шахсе гирифтори бемории сироятӣ ба назди паёмбар (с) омад. Расули Худо (с) ба ӯ дастур додаанд, ки қафо баргардад.
***
Дар ҷойи дигар ривоят шудааст, ки дар замини Шом дар замонҳои хилофати Умар (р) бемории шадиди сироятӣ пайдо шуд. Ҳазрати Умар (р) то наздикии дарвозаи шаҳр омаданд. Мири шаҳр Абуубайда ибни Ҷарроҳ, ки ба истиқбол баромада буд, гуфт: “Дар шаҳри мо беморӣ аст. Дароед, ҳазрат. Тақдири Илоҳӣ аст”. Амирулмуъминин посух дод: “Мегурезам аз тақдири Худо ба сӯйи тақдири Худо!”. Ва аз ворид шудан ба шаҳр парҳез кард.
***
Дар ҳадисе бо ривояти Ибни Моҷа зикр гардидааст: «Шахсе, ки гандумро захира кунад, то баъдан онро бо баҳои гаронтаре ба мардум бифурӯшад, Худованд ӯро муфлис мегардонад ва ё ин ки ӯро ба бемории ҷузом (саратон) мубтало месозад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg