БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРОНАВИРУС ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРӢ АЗ СИРОЯТИ ОН

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ҳамбастагӣ бо кормандони соҳаи тандурустӣ оид ба пешгирии сироятёбӣ ба бемории коронавирус навъи (COVID-19) бо усули “хона ба хона” дар деҳаи Яккадини Ҷамоати деҳоти Яккадин доир гардид. Дар рафти корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби мутахассисони соҳаи тибб доираи гигиенаи оилавӣ ва ҳамчунин тақсимоти варақаҳои иттилоотӣ роҳандозӣ гардид.

Зимни суҳбат қайд гардид, ки коронавирус 2019-nCoV мансуби оилаи коронавирусҳо буда, ҳамчун инфексияи зоонозӣ ба ҳисоб меравад. Аз рӯи маълумотҳои Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ, вирус дорои хосиятҳои мутатсионӣ (тағйирпазирӣ) буда, ҳолатҳои аз одам ба одам сироятёбӣ низ қайд шудааст.                

Айни ҳол ин вирус барангезандаи эпидемия дар якчанд давлатҳои рӯи олам аз ҷумла, Чин, Фаронса, Ҷопон, ИМА, Кореяи Ҷанубӣ, Россия, Италия, Испания, Эрон   мебошад. Вирус якум бор моҳи декабри соли 2019, дар шаҳри Уҳани мамлакати Чин ба қайд гирифта шудааст. Дар асоси маълумотҳои оморӣ ҳолатҳои зиёди сироятёбӣ қайд шудааст ва якчанд ҳолати фавт низ ҷой дорад.     

Хушбахтона, бо чорагирии саривақтии Ҳукумати кишварамон, дар Тоҷикистон ҳолатҳои сироятёбӣ қайд нашудааст. Аммо бо вуҷуди ин мебоист роҳҳои пешгирӣ ва саривақт ошкор намудани ин бемории асрро ҳатман донист.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg