БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РИОЯИ ГИГИЕНАИ ШАХСӢ – ОМИЛИ ПЕШГИРӢ АЗ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар  ташкилоти ибтидоии “Бурдангал”  баргузор гардид.

Нахуст, раиси Кумитаи иҷроия Раҷабзода Маҳмадсаид оид ба бемории сироятии коронавирус, инчунин вусъат бахшидан ба корҳои бунёдкорию ободгароӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, дар бораи рӯйдоди муҳиму тақдирсоз - ба  истифода додани агрегати дуюми НБО-и Роғун суханронӣ намуда, иброз дошт, ки мардуми сарбаланди тоҷик таҳти сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат рӯз то рӯз ба комёбиву пешравиҳо ноил гашта истодаанд ва ин барои мо шаҳрвандон бахти баланд аст. Моро зарур аст ҷавобан ба ин ғамхориҳо бо амалҳои созанда ба халқу Ватан хизмати содиқона карда, ватандӯст будани худро собит созем.

Сипас, мавсуф ҷамъомадагонро барои муҳофизат аз ин бемории сироятӣ ба риояи  гигиенаи шахсӣ, ки омили пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ мебошад, раҳнамоӣ карда, маводҳои таблиғотии ҳизбӣ оид ба пешгирии ин бемории сироятиро ба ҳамагон дастрас намуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg