БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶОМЕА СОЛИМ БОШАД, ПОЯИ ДАВЛАТ УСТУВОР МЕМОНАД

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ташабусси аъзои фаъоли ХХДТ ва ҷонибдорони ҳизб дар деҳаи Вахши Ҷамоати деҳоти Ваҳдати шаҳри Левакант  чорабинии фарҳангию фароғатӣ доир гардид.

Дар чорабинии мазкур  кормандони Кумитаи иҷроияи ҳизбӣ иштирок намуда, бо мақсади огоҳ сохтани сокинон аз хатари бемории короновирус, паҳн гардидани он дар саросари ҷаҳон ва роҳҳои пешгирии он суханронӣ карданд.

Зимни суханронӣ қайд гардид, ки имрӯзҳо гурӯҳҳое низ пайдо шудаанд, ки ба паҳн кардани хабарҳои беасос машғул шуда, боиси ба таҳлука афтидани ахолӣ гаштаанд.  Аз ин рӯ таъкид гардид, ки мардум танҳо ба хабарҳои расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бовар намоянд ва тамоми чораҳои пешгирӣ ва қоидаҳои умумии санитарию гигиениро риоя кунанд.

Инчунин, дар охир ба иштирокдорон маводҳои иттилоотї дастрас гардида,  иҷрои ҳатмии ҳамаи нишондодҳои он таъкид карда шуд. 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg