БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БАҲРИ ПЕШГИРӢ АЗ ВИРУСИ ТОҶДОР

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Имрӯз, ки ҷомеаи ҷаҳониро паҳншавии бемории коронавирус ба ташвиш овардааст, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён оид ба ин масъалаи ҷиддӣ бетараф набуда, дар тамоми даҳаву ташкилотҳо вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба пешгирӣ аз ин бемории сироятӣ ба роҳ монда истодаанд. Бо мақсади пешгирии ин беморӣ дар ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” вохӯрӣ гузаронида шуда, намояндагони ҳизбӣ ҷиҳати риояи гигиенаи шахсӣ, омилҳои пайдоиши бемориҳои вирусӣ маълумоти муфассал доданд. Ҳамчунин барои истифода аз ниқобҳои яккарата, маҳлулҳои безараргардонӣ, истифодаи дастпокунии яккарата корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, ба ҳамагон маводҳои тарғиботӣ дастрас карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg