
КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ҷиҳати пешгирии бемории Коронавируси (COVID) 19 миёни ҷомеа корҳои тарғиботиро ҷоннок намуда, дар муассисаву ташкилотҳо гузаронидани мулоқот, аксияҳо ва намоиши наворҳоро оид ба пешгирии ин вирус ба роҳ мондааст. Ин навбат намояндагони Кумитаи иљроияи ноҳиявии ҳизб дар муассисаи таҳсилоти томактабии № 7 - ноҳия мулоқот оид ба пешгирӣ аз бемории коронавирус гузаронида шуд.
Ҳамчунин аз маводҳои тарғиботӣ истифода бурда, аз тарзи дуруст шӯстани дастон то риояи гигиенаи шахсӣ корҳои фаҳмонидадиҳӣ ба анҷом расониданд. Бо истифода аз наворҳои таблиғотӣ мулоқот бо суолу ҷавоби тарафайн анҷом ёфт.